30 Апрел 2020 - 11:47
Раиси дафтари раиси ҷумҳурии Эрон ;Амрико дар баробари истеҳкоми дарунии БАРҶОМ ноком монда аст.

Раиси дафтари раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт ; Амрико алорағми корзори фишори ҳадиаксари зиди Эрон, дар баробари истеҳкоми дарунии БАРҶОМ ноком мондааст.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Маҳмуди Воизӣ раиси дафтари раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар ТВИТТЕР бо таъкид бар ин,ки душманӣ бо БАРҶОМ , ошкортарин шиносаи Эронситезӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст, навишт ; чанд соле аст,ки БАРҶОМ, монеъи бузург дар баробари эронситезӣ будааст ончунон,ки барои нобудиаш аз ҳеҷ тавтиае дареғ накарданд. Рӯзномаи Ню -Йорк таймз якшанбе  26 апрел ҳилаи Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон,ки бар асоси тавофуқномаи БАРҶОМ қарор аст аз 17 актиябри соли 2020 лағв шавад, фош кард. Ба навиштаи ин рӯзнома, Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико тарҳеро таҳия кардааст ,ки тибқи он Вашингтон иддао мекунад ,ки ҳануз аз назари ҳуқуқӣ ба унвони як давлати ширкаткунанда дар тавофуқи ҳастаи ҳузур дорад ; амммо дар асл ин тарҳ барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милалл зиди Эрон аст,ки пас аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 лағв шуд. Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин,ки  Амрико баъд аз шикасти муфтазиҳонаи фишори ҳади аксари,акнун мехоҳад шарики БАРҶОМ бошад,хитоб ба мақомоти пмрикоӣ гуфт ; Руёпардозиро бас кунед. ; миллати Эрон ҳамеша сарнавишти худро таъйин кардааст.

342/